Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба ҳар ҷо сози ғайрат инфиолоҳанг мегардад,

Ба ҳар ҷо сози ғайрат инфиолоҳанг мегардад, Ба мавҷи як арақ сад осиёи ранг мегардад. Нагардад заъфи пирӣ монеи бетобии шавқат, Наво аз по наяфтад, гар найи мо чанг мегардад. Фусурдан кисвати номуси чандин ваҳшат аст ин ҷо, Парӣ дар шиша дорад хоки мо, гар санг мегардад. Зи улфатгоҳи дил магзар, ки бо он парфишониҳо Нафас ин ҷо зи лаб нагзашта узри ланг мегардад. Чу гирад худнамоӣ доманат, сози надомат кун, Хамӯшӣ метапад бар хеш, то оҳанг мегардад. Фиреби об натвон хӯрдан аз оинаи ҳастӣ, Гар имрӯзаш сафое ҳаст, фардо занг мегардад. Димоғи ваҳм саршор аст дар хумхонаи имкон, Майи таҳқиқ то дар ҷом резӣ, банг мегардад. Надонам, набзи мавҷам ё ғубори шишаи соат? Ки роҳат аз мизоҷи ман ба сад фарсанг мегардад. Ҷунунам ҷомаворе дорад аз ташрифи урёнӣ, Ки гар як ришта бар рӯяш физоӣ, танг мегардад. Дил он беҳтар, ки чун ашк аз тапидан нагзарад, Бедил, Ки ин гавҳар ба як дам орамидан санг мегардад.