Баҳори умр ба субҳи дамида мемонад,
Баҳори умр ба субҳи дамида мемонад,
Нафас ба ваҳшати сайди рамида мемонад.
Насими айш агар мевазад дар ин гулшан,
Ба сити
шаҳпари мурғи парида мемонад.
Ба ҳар чӣ дида кушудем, мавҷи хун гул кард,
Нигоҳи мо ба раги нешдида мемонад.
Биё, ки бе ту ба чашми тарам ҳуҷуми нигоҳ
Ба мавҷи сафҳаи мистаркашида мемонад.
Зи аҷз агар сари тӯмори шиква бикшоям,
Нафас ба сина чу хат бар ҷарида мемонад.
Куҷо равем, ки домони саъйи бисмили мо
Зи заъф дар таҳи хуни чакида мемонад.
Чӣ гул кунем ба доман зи пойи хоболуд?
Баҳори обила ҳам нодамида мемонад.
Ба норасоии парвоз рафтаем аз хеш,
Пари шикаста ба ранги парида мемонад.
Қадаҳбадасти хумистони шавқи кист баҳор,
Ки гул ба чеҳраи соғаркашида мемонад?
Ба ҳасрати дами теғат ҷароҳати дили мо
Ба ошиқони гиребондарида мемонад.
Ба табъи мавҷи гуҳар изтироб натвон ёфт,
Сиришки мо ба дили орамида мемонад.
Зи нусхаи ду ҷаҳон дарси мо фаромӯшист,
Ба гӯши мо сухани ношунида мемонад.
Маро ба базми адаб кулфате, ки ҳаст, ин аст,
Ки шавқ бисмилу дил нотапида мемонад.
Хуш аст, тоза кунӣ табъи дӯстон, Бедил,
Ки фитратат ба шароби расида мемонад.