Балокашони муҳаббат гули чӣ найранганд,
Балокашони муҳаббат гули чӣ найранганд,
Шикастаанд ба ранге, ки олами ранганд.
Чи шишаву чи парӣ, хоназоди ҳайрати мост,
Ба орамидагии дил, ки бехудон санганд.
Зи айбпӯшии абнои рӯзгор мапурс,
Яке гар оина пардохт, дигарон занганд.
Фиреби сулҳ махӯр аз кушодарӯии халқ,
Ки тангҳавсалагиҳои арсаи ҷанганд.
Ба водие ки талаб норасои мақсади ӯст,
Баҳуш бош, ки манзилрасидагон ланганд.
Навои пардаи бетобии нафас ин аст,
Ки офиятталабон сахт ғафлатоҳанганд.
Ту ҳар шикаст, ки хоҳӣ, ба дӯши мо барбанд,
Вафосиришта ҳарифон табиати ранганд.
Зи ваҳм бар сари минои худ чӣ меларзӣ?
Ҳанӯз шишагарон дар тараддуди санганд.
Ба бастани мижа анҷоми кор шуд маълум,
Ки оби оинаҳо ҷумла туъмаи занганд.
Ҳубоб ним нафас бо нафас намесозад,
Зихудтиҳишудагон бар худ ин қадар танганд.
Зи халқ он ҳама бегона нестӣ, Бедил,
Ту ҳарзафикрию ин қавм олами банганд.