Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба гармии нигаҳ аз шуъла тоб мерезад,

Ба гармии нигаҳ аз шуъла тоб мерезад, Ба нармии сухан аз гавҳар об мерезад. Таровати арақи шармро тамошо кун, Чу барги гул зи ниқобаш гулоб мерезад. Сабо ба домани он зулф то занад дасте, Ғубори шаб зи дили офтоб мерезад. Сафои хотири мо обёри ҷилваи ӯст, Катони шуста ҳамон моҳтоб мерезад. Ба оламе ки кунад ишқ санъатороӣ, Чаман зи оташу гулхан зи об мерезад. Зи мавҷхези ғино кӯҳу дашт як дарёст, Хаёли ташналаби мо сароб мерезад. Ба завқи роҳат аз афтодагӣ машав ғофил, Ки лағзиши мижаҳо ранги хоб мерезад. Биҷӯ зи хокнишинон суроғи гавҳари роз, Ки нақди ганҷ зи ҷайби хароб мерезад. Захираи дили равшан намешавад асбоб, Ки ҳар чӣ оина гирад, дар об мерезад, Зимоми кор ба таъҷил наспарӣ, Бедил, Ки боли барқу шарар аз шитоб мерезад.