Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар ин ситамкада, ё Раб, чӣ санг меборад,

Бар ин ситамкада, ё Раб, чӣ санг меборад, Ки дил шикастагию дида ранг меборад. Насибаи дили равшан бувад кудурати даҳр, Ҳамин ба хонаи оина занг меборад. Чу ғунча во нанамуданд бе гиреҳ гаштан, Ки ранги амн ба дилҳои танг меборад. Биё, ки бе ту ба базм аз таронаҳои ҳазин Дили шикаста зи гесӯи чанг меборад. Зи хоки кӯи ту машқи назокате дорам, Ки бӯи гул ба димоғам хаданг меборад. Гузашт фурсати васлу зи норасоии ваҳм Нигаҳ зи ашк ҳамон узри ланг меборад. Ба чашми шавқ нигоҳе, ки дар баҳори ниёз Шикасти ҳоли заифон чӣ ранг меборад? Ба завқи парвариши ваҳм об мегардем, Саҳоби мо ҳама бар кишта банг меборад. Далели ибрати дил субҳи нодамида бас аст, Ки забти оҳ бар оина занг меборад. Ҳуҷуми сояи гул домгоҳи ҳайрат нест, Бар ин чаман ҳама доғи паланг меборад. Зи бас ба кишти ҳасад хирман аст офатҳо, Даме ки тир набошад, туфанг меборад. Зи доми ҳодиса, Бедил, раҳоӣ имкон нест, Ки қатраи ту ба коми наҳанг меборад.