Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз ғуборам ҳар чӣ боло мекашад

Аз ғуборам ҳар чӣ боло мекашад Сурма дар чашми Сурайё мекашад. Баски мадди ваҳшати шавқам расост, Фикри имрӯзам ба фардо мекашад. То хирад боқист, саҳрои ҷунун Доман аз олоиши мо мекашад. Хобнокон мераманд аз огаҳӣ, Соя аз хуршед худро мекашад. Сахт беранг аст нақши муддао, Оламе тасвири анқо мекашад. Хуни дил бепарда аст аз инфиол, Сарнигунӣ май зи мино мекашад. Ақл, гӯ, хун шав, ки тафтиши ҷунун Як ҷаҳон шӯр аз нафас вомекашад. Мо гаронҷонон зи худ вомекашем Кӯҳ аз доман агар по мекашад. Тарзабонӣ 180 хиффати ақл асту бас, Сад шикаст аз мавҷ дарё мекашад. Маҳмили ранг аз шикастан бастаанд, Баски бори дарди дилҳо мекашад. Оламеро мебарад ҳасрат фурӯ, Ин наҳанги ташна дарё мекашад. Зарпарастӣ мекунад дилро сиёҳ, Охир ин сафро ба савдо мекашад. Бори мо, Бедил, ба дӯши оҷизист, Сояро афтодагиҳо мекашад.