Аз ҳуққаи даҳонаш ҳар гаҳ сухан барояд,
Аз ҳуққаи даҳонаш ҳар гаҳ сухан барояд,
Об аз ақиқ резад, дурр аз Адан барояд.
Аз шавқи субҳи теғаш, монанди мавҷи шабнам
Гулҳои захми дилро об аз даҳан барояд.
Аз рӯи доғи ҳасрат гар пунба боз гирам,
Бо сад забона чун шамъ аз пираҳан барояд.
Бинад зи бори хиҷлат чун теша сарнигунӣ,
Бар Бесутуни дардам гар Кӯҳкан барояд.
Васфи баҳори ҳуснаш гар дар чаман бигӯям,
Чун булбул аз гулистон гул наъразан барояд.
Тори нигаҳ расонад наззораро ба рӯяш,
Ҳар кас ба боми хуршед бо ин расан барояд.
Бедил, каломи Ҳофиз шуд ҳодии хаёлам,
Дорам умед, к-охир мақсуди ман барояд.