Тоҷикистон
Обрӯям, эътиборам,
Зиндагиям, рӯзгорам,
Ҳар чӣ ҳастам — бо ту ҳастам,
Ҳар чӣ дорам — бо ту дорам,
Тоҷикистон!
Бо дили аз меҳри ту саршор, саршор,
Бо сари аз фахри ту чархи баринам,
Дур рафтам,
То туро наздик бинам,
Аз ту рафтам,
То ҳаме бо ту нишинам,
Тоҷикистон!
Мулкҳои дидаам аз ёд рафтанд,
Лолаҳои чидаам бар бод рафтанд,
Ман, ки бо ёди ту будам ҳар куҷое,
Дидаву бишнидаам аз ёд рафтанд,
Тоҷикистон!
Аз замин то осмонро дӯст дорам,
Бас туро ман дӯст дорам, Тоҷикистон!
Лаҳзаро дар ҷовидонат мепарастам,
Мепарастам бас туро, парвардигорам,
Тоҷикистон!
Пайкари мардони хокӣ,
Кони кашшофон нодида,
Эй шуои ақлу дида,
Эй суруди носуруда,
Тоҷикистон!