Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Савганд

Ватан, эй модари аз тоқати таҳқир хаста, Ватан, эй шаҳчинори аз шамоли ҷаҳл бишкаста, Зи баъди сад ҳазорон сол, Зи қаъри сад қабат хоки сиёҳ, Оламҳои ту бар ёдам расад — Фарёд хоҳам кард. Ватан, бо номи ту, Бо нангу бо ишқи маҷруҳи набардҳои ту, Ба ҷойи ошиқони шермарду гурмарги ту Бинои шӯҳрату шони туро Бунёд хоҳам кард! Ватан, «Шоҳнома»-и рӯҳи туро Дар партави нуру зиё, Бо килки умеду вафо Эҷод хоҳам кард. Ватан, аз сангҳои бар сарат Бишкастаи фарзандони носазоворат Туро бунёд хоҳам кард, Туро обод хоҳам кард!