Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шоир набувад касе, ки дар дил

Шоир набувад касе, ки дар дил Як рӯз кушода хурд маҳфил, Сад ранг ба шеър ном монад, Бар гӯши арӯси хеш хонад. Бе шеър ба шоирӣ биёяд, Дарвозаи бозро кушояд. Исбот кунад, ки фарқ бисёр Дар равғану об, риштаву тор. Нохонда китоби зиндагиро, Танҳо бизанад варақ ду-се роҳ. Чун мактабиёни хурдсоле Сурат бикунад фақат тамошо… Шоир бувад он, ки шоириро Созад ба баҳои умр савдо. Шоир бувад он, ки хомаашро Чун пул бикунад ба рӯи дарё. Дар коғази сап-сафед бояд Сад роҳи сафедро кушояд. Номурда намирад ӯ ба зинҳор Пеш аз худи ӯ намирад ашъор. Холӣ нашавад, чу рафт, ҷояш, Пайгир шавад сурудаҳояш. Чун субҳи сафо бихезад аз хоб Бо сад ғаму бо дусад табу тоб Пурсад зи дилаш ба амру таҳдид: Дар хоб чӣ байти тозае дид? Хобад нафасе чунон сипаҳдор Ҳушёртар аз ҳазор бедор, Дар ҳолати ҷангӣ хоб созад, Дар ҳолати ҷангӣ дил гудозад. Омода шавад ҳамеша бар раҳ Чун аскари пурдилу мусаллаҳ. Чун бонги хатар шунид, хезад, Фармон чу гирифт, дарситезад. Фармони замон ба гӯш гирад, Сарбори Ватан ба дӯш гирад. Таҳрир кунад китоби айём Хатти гунаҳу савоби айём.