Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ИФТИХОР ВА ЭЪТИРОЗ

Ман ҳоло бори нахуст тақлид мекунам аз Пабло Неруда, на ҳудаю беҳуда, балки дониста, – зеро тақлид аз бузургон гирифтани хок аст аз теппаи баланд, овехтан аст аз дори баланд, роҳ сипардан аст аз паст ба боло, парвоз аст аз замин ба само... Бале, тақлид мекунам дар ин сарвода аз Пабло Неруда ва иншо мекунам бе арӯз, бе қофия сода чун гули пиёда сар зада аз хок. Гоҳо аз минбарҳо дар кунгураҳо дар китобу дафтарҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нотиқи булфузуле, қаламкаши гӯле бо бонги баланд бо ранги баланд мегӯяд ё менависад: Халқи тоҷик дар гузашта бесавод буд