Дар муҳити доругири зиндагӣ,
Дар муҳити доругири зиндагӣ,
Дар такутози сарои обу гил,
Дар миёни ҳалқаи паргори вақт
Ишқ ҳам ҷанг аст – ҷанги ақлу дил.
Дар тулӯъу дар ғуруби шавқҳо,
Дар шикасти рангҳои шому субҳ,
Дар шумори ҷангҳои рӯзгор
Ишқ ҳам ҷанг аст – ҷанги ҳусну қубҳ.
Дар талотумҳои эҳсосоти дил,
Дар тазоди маншаи рӯҳу бадан,
Дар такопӯю ниёзу иштиёқ
Ишқ ҳам ҷанг аст – ҷанги тан ба тан…
Ишқ ҳам ҷанг аст поённопазир,
Ҷанги тӯлонист, ҷанги ҷовидон.
Эй хуш он кас, ки дар ин майдон бимурд
Бе ягон ному нишони қаҳрамон.
Ишқ ҳам ҷанг аст, майдони варо
Ҳар касе бо нақди ҷон толиб бувад.
Нест ғолиб андар ин майдон касе,
Ҳар касе мағлуб шуд, ғолиб шавад.
Ишқ ҳам ҷанг аст – ҷанги ному нанг,
Андар он афтад ҳама ҷангӣ асир.
Ишқ ҳам ҷанг аст, аммо ҷонфазо,
Ишқ ҳам ҷанг аст, аммо дилпазир…