Боз гуфтӣ, ки баҳоре бигузашт
Боз гуфтӣ, ки баҳоре бигузашт
Осафо, мову ту нашкуфта ҳанӯз.
Гарчи сад бор ба ҳам бархӯрдем,
Рози мо қиссаи ногуфта ҳанӯз.
Парда-парда ба дили мо хуфта
Рози ногуфтаю нохондаи мост.
Эй басо гуфтании ногуфта
Тухми бар хок наяфшондаи мост.
Ту зи ман, ман зи ту дурем чунон,
Ҳар ду аз кӯчаи дил раҳгузарем.
Ту ба ман, ман ба ту бо чашми ҳавас,
Лек бо шакку гумон менигарем.
Роҳи дурест миёни ману ту
Роҳи дилсанҷию диломӯзӣ.
Мушти хокистаре аз сӯхтанам,
Ту маро боз чаро месӯзӣ!?
Ман дар ин роҳ басо афтода,
Ёри дил ҷуставу раҳгумзадаам.
Ёри дил ҷуставу дил гумкарда,
Маҳрами хоста маҳрумшудаам.
Буд ҳамноми ту он ёри бадеъ,
Чашми ӯ чашми туро мемонист.
Лек монанди ту бедард набуд,
Буду нобуди маро медонист.
Бо ҳама содагию гумроҳӣ
Ӯ маро аз ҳама дунё меҷуст.
Буд огоҳ зи дарёи дилам,
К-ӯ маро аз дили дарё меҷуст.
Ӯ маро қоими дархости худ –
Қоими ишқи дили худ месохт.
Ман агар сахраи носуфта будам,
Ӯ зи ман пайкарае мепардохт.
Ман чӣ гӯям, ки маро нашносӣ,
Ҳар ду дар қисмати ҳам раҳгузарем.
Ту ба ман, ман ба ту бо чашми ҳавас,
Лек бо шакку гумон менигарем.
Роҳ дур аст миёни ману ту,
Ту маро аз раҳу бероҳа маҷӯ.