Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ин заминест, ки сарманзили ҷонон буда-ст

Ин заминест, ки сарманзили ҷонон буда-ст, Матраҳи нури рухи он маҳи тобон буда-ст. Ин заминест, ки ҳар шебу фарозе, ки дар ӯст, Ҷойи омадшуди он сарви хиромон буда-ст. Ин заминест, ки ҳар ҷо хасу хоре бинӣ, Пеш аз ин руста ба ҷояш гулу райҳон буда-ст. Домани нозкашон рафта ба ҳар ҷониб аз ӯ, Он ки сад дасти таманно-ш ба домон буда-ст. Медиҳад хоки раҳаш хосияти он обам, Ки насиби Хизир аз чашмаи Ҳайвон буда-ст. Бояд афшонд зи ҳар нӯги мижа хуни ҷигар, Ҳар куҷо лаъли лаби ӯ шакарафшон буда-ст. Ҷони Ҷомӣ ба ҳақиқат зи ҳамин боду ҳавост, Гар ба сурат гилаш аз хоки Хуросон буда-ст.