Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Абри найсон соябон бар торуми гардун зада-ст

Абри найсон соябон бар торуми гардун зада-ст, Лола чатри лаъл бар фарши зумуррадгун зада-ст. Шоҳиди раъност лола, карда гулгун пераҳан Ё дами қатли муҳиббон доман андар хун зада-ст. Не, хато гуфтам, зи зери хок баъд аз муддате Оташи доғи шаҳидонаш алам берун зада-ст. Карда ёқутитабақҳоро зи дурри ноб пур, Гӯиё Заҳҳок гил бар ганҷи Афредун зада-ст. Бар ҳарири нилгуни об ҳайронам, ки бод Сад ҳазорон ожида бе дасту сӯзан чун зада-ст. Гарчи акси сабза бар ҷӯ занг дар ойина аст, Занги ғамро сайқал аз сад хотири маҳзун зада-ст. Чун расад бар лола жола, оядам з-он санг ёд, К-аз такаллуф Лайлияш бар косаи Маҷнун зада-ст. Баҳри тоби хур фиганд имрӯз бар сарҳои шох, Шаб шукуфа чодаре, к-аз қурси маҳ собун зада-ст. Гуфтаи Ҷомӣ бувад санҷида дар мизони лутф, Ҳосид ар таъне зада-ст, аз табъи номавзун зада-ст.