Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Омад рамазону ид бо мост

Омад рамазону ид бо мост, Қуфл омаду он калид бо мост! Барбаст даҳону дида бикшод, В-он нур, ки дида дид, бо мос! Омад рамазон ба хидмати дил В-он к-аш, ки дил офарид, бо мост! Дар рӯза агар падид шуд ранҷ, Ганҷи дили нопадид бо мост! Кардем зи рӯза ҷону дил пок, Ҳарчанд тани палид бо мост! Рӯза ба забони ҳол гӯяд: «Кам шав, ки ҳама мазид бо мост!» Чун ҳаст Салоҳи дин дар ин ҷамъ, Мансуру Абоязид бо мост!