Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дар шаҳри шумо яке нигорест

Дар шаҳри шумо яке нигорест, К-аз вай дилу ақл беқарорест! Ҳар нафсеро аз ӯ насибест, Ҳар боғеро аз ӯ баҳорест! Дар ҳар кӯйе аз ӯ фиғонест, Дар ҳар роҳе аз ӯ ғуборест! Дар ҳар гӯше аз ӯ самоъест, Ҳар чашм аз ӯ дар иътиборест! Дар кор шавед, ай ҳарифон, К-ин ҷо моро азим корест! Пинҳон ёре ба гӯши ман гуфт, К-ин ҷо пинҳон латиф ёрест! Ӯ буд, ки ба ин тариқ мегуфт, К-аз таъбияҳош дил низорест! Ӯ буд расули хешу мурсал, К-он лаҳҷа аз они шаҳрёрест! Навҳа-сту амони ғарқагон аст, Рӯҳ асту ниҳону ошкорест! Гирди турушон магард з-ин пас, Чун паҳлуи ту шакарнисорест! Гирди шакарони табъ кам гард. К-он шаҳват низ баргузорест. Ин ҷо шакарест бениҳоят, Ин ҷо сари вақти пойдорест! Хомӯш кун, ай дилу мапиндор, К-ӯро ҳаддест ё канорест!