Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ, Ки муҳосиб бувад гаҳу бегоҳ. Роҳатфазои ҷону роҳати дил, Ҳарчи дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил. Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид, Ки на ранҷе диҳад, на ранҷонид.