Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулаева Рухшона
Абдулаева Рухшона

Баъди маргам

Парешонхотири дунё гаштанҳо, чӣ суд?! Дар ба дар дур аз хона буданҳо, чӣ суд?! Гуфта будам дунё кор ояд маро, Ғариб, дур аз Ватан гаштанҳо, чӣ суд?! Эй очаи ҷон, гиря макун барои ман, Болои тобути ман хун нахӯр барои ман. Ту дар ғами ман мӯят сафед шуд, очаҷон, Танҳо шудам, дурам, дуо кун барои ман. Эй ҷон падарҷон, ту соябони хона, Танҳоят гузоштам ман дар кунҷи хона. Ту оҳи сабук бикаш, бардор тобути ман, Дар китфи ту ман сабук равам аз хона. Эй ҷӯраи ҷон, куҷо шуд он дӯстии ту? Ман зери хокам, дуо кунед барои ман. Ҷавон будам ва вирди забонҳо будам, Эй вирди забонҳо, дуо кунед барои ман.