Модарҷон
Чӣ созам модаро!
Ҳоло, ки дар бозори шаҳри мо
Китоби шеъри шоирро агар гиранд,
баҳри пистапечонист...
Тарозуҳои ин ҷо лоиқи бори муҳаббат нест,
Ман ҳам то ҳанӯз он саркаши дарёдилат
ҳастам,
Ки боре нақди ҷонамро ба ин савдо
нахоҳам дод,
Таманнои баландамро ба пастиҳо нахоҳам
дод!
Модарҷон!