Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиб Озарахш
Толиб Озарахш

Набзи ахтар метапад дар синаи ахтаршинос

Набзи ахтар метапад дар синаи ахтаршинос Ошиқ аз бӯи шароби ишқ сархуш мешавад, Қиммати соғар шиносад бо нафас соғаршинос Хоксорони ҷаҳон аз хок зар меофаранд, «Қадри зар заргар бидонад, қадри заргар заршинос» Санг месабзад зи шукри резаборони баҳор, Нур бо хуршеди ховар мешавад ховаршинос. Қадри неъмат баъди неъмат ғайри оҳу нола нест, Марги модар мекунад фарзандро модаршинос. Озарахш, озар надорад зиндагӣ бе нури ишқ Оташи ишқ аст, дар хокистари озаршинос…!