Ҳар шабе аз оҳи худ кошонаро оташ занам
Ҳар шабе аз оҳи худ кошонаро оташ занам,
Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.
То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,
Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.
Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,
Хирмане сӯзад, агар як донаро оташ занам.
Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод,
Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам!
Ҷойи ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,
Ҷойи он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.
Мушфиқӣ, дар дафтари айём мазмуни фаност,
Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.