Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Қарори зиндагонӣ он нигор аст

Қарори зиндагонӣ он нигор аст, К-аз ӯ он беқарорӣ барқарор аст! Маро савдои ту доман гирифтаст, Ки ин савдо на он савдои ёр аст! Манам сӯзон дар оташҳои нав-нав, Маро бо ёракон акнун чи кор аст?! Ҳаменолад дарун аз беқарорӣ, Бад-он монад, ки он ҷони нигор аст! Чу аз ёре туро ҷон хаста гардад, Намедонад, ки андар ҷон-ш хор аст! Ту дур ҷӯйиву хорат мехарошад, Намедонӣ, ки хоре дар сарор аст?! Гурезон шав аз он хору ба гул рав, Ки Шамсуддини Табрезӣ баҳор аст!