Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чӣ шева-ст?!
Бигӯ, ай ёри ҳамроз, ин чӣ шева-ст?!
Дигаргун гаштайӣ боз, ин чӣ шева-ст?
Аҷаб, ай турки хушранг, ин чӣ ранг аст?!
Аҷаб, ай чашми ғаммоз, ин чӣ шева-ст?!
Дигар бор ин чи дом асту чӣ дона-ст?!
Ки моро куштӣ аз ноз, ин чӣ шева-ст?!
Даридӣ пардаи мо, ин чӣ парда-ст?!
Яке парда барандоз, ин чӣ шева-ст?!
Манам он куҳнаишқе, ки дигар бор
Гирифтам ишқ аз оғоз, ин чӣ шева-ст?!
Мусалмонон, шумо ин шӯр бинед,
Ки мислаш нест ҳанбоз, ин чӣ шева-ст?!
Шаробу ишқу рангам ҳар се ғаммоз,
Яке пинҳон се ғаммоз, ин чӣ шева-ст?!