Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст, Аҳволи ту ҳар лаҳза дигаргун шудан аст. В-эй ҷон, ту ба тан баҳри чи кор омадаӣ? Чун оқибати кори ту берун шудан аст.