Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат, Ногаҳ биравад зи тан равони покат. Бар сабза нишин ба коми дил рӯзе чанд, З-он пеш, ки сабза бардамад аз хокат.