Ободии майхона зи май хурдани мост, Хуни ду ҳазор тавба бар гардани мост. Гар ман накунам гуноҳ, раҳмат чӣ кунад? Ороиши раҳмат аз гунаҳ кардани мост.