Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Фасли баҳору ҳар касе бо сарви гулрухсори худ

Фасли баҳору ҳар касе бо сарви гулрухсори худ, Ман бо дили чун ғунча хун дар фурқати дилдори худ. Гулшан ҷамол ороста,сарв аз тараб бархоста, Ман ҳамҷу булбул коста аз нолаи бисёри худ. Шуд ғунча ҳар сӯ ҷилвагар,шивакунон гулбарги тар, Сад хори ҳаҷрам дар ҷигар бе гулбини гулбори худ. Корам ба сина тухми ғам,борам зи чашм оби надам, Дар ишқ бошам дамбадам ҳайрони кору бори худ. Бар тан харошам то ба кай,соқӣ гар орад ҷоми май, Марҳам ниҳам аз лойи вай бар синаи афғори худ. Гирён ба пешаш ҷон диҳад в-аз меҳнати ҷон вораҳад, Рӯзе, ки Фонӣ сар ниҳад бар хоки пои ёри худ.