Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Эй аз баҳори ҳусни ту бар чеҳраам гулзорҳо

Эй аз баҳори ҳусни ту бар чеҳраам гулзорҳо, Дар сина з-он гулзорҳо дорам халида хорҳо. Аз неши ҳаҷраш муттасил, гӯ, риштаи ҷонам гусил Чун дӯхт натвон чоки дил з-он сӯзану з-ин торҳо. Дар кулбаи ғам гар барам оӣ, наёбӣ пайкарам, Бас хоки хорӣ бар сарам, к-афтода аз деворҳо. Аз ҳурмати рухсор кай битвон шудан ҳамранги вай, Моро ба хун, ӯро ба май чун ранг шуд рухсорҳо. Чун з-он бути ошуфтахӯй орам ба сӯи қибла рӯй, Баста чу аз ҳар тори мӯй бар гарданам зуннорҳо. Будам ба ақли зӯфунун пири хирад пеш аз ҷунун Тифлон давонандам кунун дар кӯчаву бозорҳо. -он назми нав чархи куҳун якбора, гӯ, ҳайрат макун, Фонӣ чу таълими сухун дорад зи Ҷомӣ борҳо.