Марди косиб, к-аз машаққат мекунад кафро дурушт, Баҳри ноҳамвории нафси дағал сӯҳонгар аст. Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила, Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст.