Бе ту нафасе ҳаловате нест маро, Бе фикри ту будан одате нест маро. Гар лутфу муҳаббати ту бар мо нарасад, Дар ҳарду ҷаҳон саодате нест маро.