Кас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест, Бас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест. Гар хубии моҳпайкарон бадмеҳрист, Пас хубтар аз ту дар ҷаҳон мумкин нест.