Ба Амъонии Табрезӣ яке гуфт
Ба Амъонии Табрезӣ яке гуфт,
Чу аз шавқи бародар шаб намехуфт,
Ки чун дар гил бимондӣ з-иштиёқаш,
Чӣ гуна мекашӣ бори фироқаш?
Бад-ӯ гуфт: «Эй рафиқи ғамгусорам,
Чароӣ бехабар аз кору борам?
Чунин бинӣ, ки пеши рӯйи ман ҳаст,
Намебинӣ, ки панҷу шаст ман ҳаст.
Харе, к-ӯ шасти ман баргирад осон,
Зи шасту панҷи ман набвад ҳаросон».