Биҳиште гарди роҳ аз худ нашуяд Юсуфи моро,
Чароғи гул агар дар зери боли булбулон будӣ,
Куҷо авроқи гул дар дасти тороҷи хазон будӣ?
Куҷо гул бар сари бозори расвой дӯкон чидӣ,
Калиди боғ агар дар ошёни булбулон будӣ.
Димоғи болафшонӣ надорад андалеби мо,
Чӣ будӣ, гар қафас ҳамсояи ин ошён будӣ?
Гиреҳ дар кори ман афтода аз танги даҳони ӯ,
Намешуд кор бар ман танг, агар ӯро даҳон будӣ.
Ман он рӯзе, ки чун шабнам азизи он чаман будам,
Туро боди саҳаргоҳӣ куҷо дар бӯстон будӣ.
Биҳиште гарди роҳ аз худ нашуяд Юсуфи моро,
Ту, эй гарди касодӣ, дар пайи ин корвон будӣ.
Кунун хори сари девор доман мекашад аз ту,
Хушо рӯзе, ки Соиб, шабнами ин бӯстон будӣ.