Макун, эй бевафо, ноошной,
Макун, эй бевафо, ноошной,
Дар оташ сӯхт гул аз бевафоӣ.
Хумори зардрӯи ҳаҷр дорад
Шароби лоларанги ошной.
Надоим ҷамъ чун кардаст лола,
Дили пурдоғ бо гулгунқабой.
Мусибатхонаи пурдуди моро
Зи равзан нест чашми ошной.
Ба ин бегонагони ошноро
Мабодо ҳеҷ касро ошной.
Зи дасти хасм берун мекунам теғ
Ба зӯри панҷаи бедаступой.
Намечаспад ба килки нома дастам,
Чӣ бинвисам зи бедоди ҷудой?
Такаллуф нест дар тарзи су лукам,
Манам шаҳриву олам рустой.
Ба чандин шона аз зулфи дарозаш
Бурун карданд чини норасой.
Зи чашми муштарӣ гардид пинҳон
Матоам аз ғубори норавой.
Хазон, Соиб, агар ин ранг дорад,
Миёни рангу бӯ афтад ҷудой!