Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Исматов Бахтиёр
Исматов Бахтиёр

Дӯш омад ба гӯш нидое к-эй девона бозгард аз ишқ

Дӯш омад ба гӯш нидое, к-эй девона, бозгард аз ишқ, Гуфтам, ки: «Роҳ надорам дар сӯхтану пухтани ишқ». Гуфто, ки: «Эй Маҷнун, бас аст туро рафоқат, К-аз кунҷи бенавоӣ риҳлат кунӣ бар ишқ». Гуфтам, ки: «Бастаам ман зуннори бааб-ар -рафоқат, То ҷон барад зи ҷонам ин ҷони сӯхта дар ишқ». Гуфто, ки: «Дар биёбон пажмурда гашт рухат, К-аз рухи босафоят борад нам-нами ишқ». Гуфтам, ки: «Эй ҷоно, ман занҷири чун поят, Сад бор баста бодо ин ҷон дар раҳи ишқ». Гуфто: «Хабар ту дорӣ аз ҳоли бенавоён, К-он синаи чок-чок хун аст дар раҳи ишқ?» Гуфтам, ки: «Хуни дида з-он хуни ирқ равон аст, Ҳар ҷузъи ман бинолад охир дар раҳи ишқ». Гуфто, ки: «Эй Фироқ, ин рӯҳу равон, ки дорӣ, Наздики ин Қиёмат гӯяд ҷавоби ин ишқ». Гуфтам: «Агар Қиёмат сӯзад маро дубора, Аҳдам агар чунон аст, бояд сӯхт дар раҳи ишқ».