Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
С
Сафаров Эхсон Абдуллоевич

Ғам махӯр

Ғам махӯр Ғам махӯр, эй банда, ғамхорат Худост, Ту магӯ: «Аллоҳ ҳаме бо мо куҷост?» Ҳар нафас чун мекашӣ андар ҷаҳон, Шукр гӯ, эй абд, ки ғамхорат Худост. Ғам махӯр, ӯ мегӯяд ҳар дам ба ту, Боз бигӯӣ: «Ман намебинам, куҷост?» Худ куҷоӣ, в-ин саволи ту куҷост? Ғам махӯр, Аллоҳи Маннон бо шумост. Мункӣ, ин хуб аст — ғами дунё махӯр, Ғам махӯр, зеро ки саторат Худост. Ҳар чӣ дорӣ дар ҷаҳон, аз файзи Ӯст, Дар ҳама ҳолат нигоҳдорат Худост. (Мункӣ)