Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Ҷоно

Ҷоно, каме раҳм ба ҳоли нигарон кун,
 Як нома барои мани дилдода равон кун. Барбод шуд ин умри ҷавон дар ҳаваси ту,
Васле куну аз нав маро боз ҷавон кун. Носеҳ, ниёз нест, ки моро бидиҳи панд,
Хомӯш нишину назаре бар ҷараён кун. Ҷое, ки қадри ишқ надонанд, машав малул,
 Бархез, зи он ҷову бирав, тарки макон кун. Ҷуз кӯзаи май нест маро ёриву ҳамдам,
Бархезу дуое ба гили кӯзагарон кун. Дар ин замони тунд зи мардум нохушам,
Форис, бигир ҷоми майю тарки ҷаҳон кун.