Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Туро

Кай расад он муддати умр, то ба даст орам туро, Дон бидеҳ аз тухми ишқат, то ба дил корам туро. Бишнав ин сӯзи дили ман, эй бути соҳиббадан, Шарҳи ҳоли хештан бо нолаи зорам туро. Чун ки гаштӣ ту саворӣ, дил бидеҳ фармони роҳ, Роҳи дӯзах ҳам барӣ, аз зин нафрорам туро. Душмани ҷониву дӯсту дарду дармони манӣ, Бо ҳама бедодгариҳо, дӯст медорам туро. Гар ба толеи сиёҳ рӯзе ба ҷонам шуд хатар, Ҷон ба сад ханҷар супорам, лек нагзорам туро. Фурсати ҳастии моро қадр кун, эй шоҳи қудс, Дур бод он рӯз, ки бар марг биспорам туро. Ринду шабгардему соҳибдил ҳамин тақсири мост, К-ин ба ин бепарвоит боз ман ёрам туро. Гаштаам ман маст бо он май аз рӯзи азал, Гуфт: «Форис, тарки май кун, варна бигзорам туро».