Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Ту будӣ

Маро дунёи ҳастиям ту будӣ, 
Шаробу ринду мастиям ту будӣ. Ту ҳастӣ, в-арна аз худ безорам,
 Ки фахру худпарастиям ту будӣ. Азоби шаш дузах баркашидам, 
Ки охир тандурустиям ту будӣ. Маро бе ту набошад зиндагонӣ,
Баландиҳову пастиям ту будӣ. Ту ҳастиву, зи ҳастият ҳастам,
 Муроди зиндагониям ту будӣ. Маро бе ту куҷое айшу бахт аст,
 Ки сӯзи ҷовидониям ту будӣ. Намегардӣ зи мағзи ман фаромӯш,
 Ки ёри навҷавониям ту будӣ. Агар нестӣ, чӣ ҳоҷат ошиқиро?
 Сараввал ишқи ҷониям ту будӣ. Зи ҷону дин ва дил дӯстат дорам,
 Умеди ҳасту нестиям ту будӣ. Агар бошӣ ту, Форис низ бошад,
 Камоли шеърхониям ту будӣ.