Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Ринд

Дасти ман доим ба ҷом аст, ҷоми ман пурмай бувад, 
Фарқ нест моро, кадом фасл — хоҳ баҳор ё дай бувад.
 Ман риндам, эй азизо, даст аз ман даркаш,
 Фикри дунё дар сари пуршӯри ман то кай бувад? Ҷоми ман доим зи хуни раз бувад ё хуни дил,
 Нӯш хоҳам кард онро, гар зи шаҳри Рай бувад.
 Гар ба дунёе муқоис мекунӣ ишқи маро,
Ҳафтумин осмон зери ишқи ман дар фай бувад. Офарин гӯянд, нагӯянд душманон бар назми ман,
 Чун баҳои шеърхонон дар ҳамин бай-бай бувад.
 Гуфта будам, боз мегӯям, ки дар дайри куҳан,
 Форисиро он ҳама хушҳолиҳо бо май бувад.