Биё
Эй дарду ҳам даво, бигӯ дар куҷоӣ ту?
Ашкам ба рух равону, зи ҳад пурҷафоӣ ту!
Аз ҷону дину дил, ба Худо дӯст дорамат,
Аз ин дар-онам, ки чӣ қад бевафоӣ ту!
Хоҳам гирамат шабе сахт дар бағал,
Ҷонам зи тан бурун шавад дар ҳавои ту!
Эй ишқи беҷавоб, зи ту гаштаам малул,
Тарк кун маро, ки мушкилӣ, пурмоҷароӣ ту!
Ҳар субҳдам дуои ман аз он Худо якест:
Эй кош ба наздам биёӣ, биёӣ ту!
Форисро ду дида зи ашк ҳам сапед шуд,
Кай мерасад он рӯз, ки аз дар дароӣ ту?