Шамъ
Дар вафои рӯйи ту, ман ашк резонам чу шамъ,
Аз ғами ҳиҷрони ту, шабҳо сӯзонам чу шамъ.
Гар чӣ гаштам шоҳиди сад номаҳои пур зи дард,
Нурдеҳ дар мизи шоир, ман гаравгонам чу шамъ.
Рӯй бинмой сӯйи риндон, то ки бинам рӯйи ту,
Чун ки дур аз ҳусни рӯят дида гирёнам чу шамъ.
Ин дилам аз ғам беш аст, боз ғами ишқат куҷост,
Ё ту чашм дорӣ, ки ман худро бисӯзонам чу шамъ.
Олами ишқ ваъда буду ду ҷаҳоне ранҷ бидод,
Аз пайи чанд ваъдаат, ман худ парешонам чу шамъ.
Тарки ин аҳли риё кард Форисӣ ширинсухан,
Пас аз ин то мурданам дар кӯйи риндонам чу шамъ.