Дар шаҳодатгоҳи ноз
Шаб, ки ёди турраи мушкини ҷонон доштам,
Хотире ошуфтатар аз сунбулистон доштам.
Аз хаёлаш баски меоростам базми тараб,
Аз дили доғофарин тарҳи чароғон доштам.
Он савори маҳмили ноз аз назар мерафту ман
Дар пайи ӯ чун ҷарас як дашт афғон доштам.
Дар ғамат дод аз баҳори ҷон баромад оқибат,
Гарчи умре лаб ба лаб, дандон ба дандон доштам.
Тоза гардад аз насими бӯи гул ҳар субҳгоҳ,
Аз дами теғи ту он захме, ки бар ҷон доштам.
Гашт охир барқи ҷонсӯзу маро ахгар намуд,
Дар дил он оташ, ки аз ишқи ту пинҳон доштам.
Ҷони ман, ҳар субҳ эҷоди аласте мекунад,
Бо ту аз поси нафас дар он чи паймон доштам.
Ёди айёме, ки захми синаи афгорро
Марҳами осоише аз лутфи хубон доштам.
Дар баҳори васл аз шавқи гули дидори ёр
Нолаи ҷонсӯз чун мурғи хушилҳон доштам.
То ки будам маҳви ҳусни ҷилванайранги буте,
Ғафлате аз гирудори базми имкон доштам.
Дар тамошои ҷамолаш аз дили доғошён
Чун пари товус яксар чашми ҳайрон доштам.
Дар шаҳодатгоҳи нозаш аз сари сидқу ниёз
Сина назри тири мижгон, ҷон ба қурбон доштам.
Риштаи шерозаи маҷмӯаи аҳволи ман
Тори улфат буд, то суҳбат ба ёрон доштам.
Мавҷ мезад аз буни ҳар мӯи ман кайфияте,
Баски ҷо дар пои хум ҷун майпарастолн доштам.
Бар дари пири муғон то ҷабҳа месудам ба хок,
Пои истиғно ба фарқи тоқи кайвон доштам.
Буд сайри олами таҳқиқ дар маънӣ маро,
Аз тафаккур то саре вақфи гиребон доштам.
Дар парешонӣ фитодам аз кушоди чашми хеш,
Ҷамъ будам то ба ҳам, барбаста мижгон доштам.
Тухми файзафшонии фасли рабеи умр кӯ?
Оҳ аз он чашме, ки рашки абри найсон доштам.
Косаи зону маро ҷоми ҷаҳонбин буду бас,
То нигоҳе дар вай аз тадқиқи имъон доштам.