Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Танк месозем

Танк месозанд устодони санъаткори мо, То намонад як тан аз хасмони бадкирдори мо. Танки мо, гитлерчиёнро танг хоҳад сохтан, Сад ҳазораш дархури ҳар зарби он ҷон бохтан. Дар сафи душман чу ҳар як танки мо ғуррон расад, Барқи сӯзони аҷал бар ҷумлааш яксон расад. Қаҳрамоне к-ӯ ба душман мерасад бо тиру теғ, Молу ҷони худ намедорем аз он ҷонон дареғ. Аз барои ёрии Армияи Сурхи шигарф Сад ҳазорон миллион пул ҷамъ месозему сарф, Бо фашистон ҷанг месозанд он ҷо аскарон, Мо ақибгаҳро нигаҳдорӣ кунем ин ҷо ба ҷон. Оқибат дар хирмани уммеди хасми хирасар Дар фитад аз барқтози аскарони мо шарар. Гитлери бадаҳд чун паймонаи паймон шикаст, Ин шикасти аҳд ӯро оварад бар ҷон шикаст. Чунки дар майдон сари душман ҷудо гардад зи тан, Мешавад мағзи димоғаш туъмаи зоғу заған. Лашкари моро расад фирӯзмандӣ анқариб, Душмани моро бувад ҳирмону бадбахтӣ насиб.