Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Чун чашми бутон сухантирозам

Дар фикраму лек бениёзам, Афтода ба хоку сарфарозам. Жӯлидамисолу дар ҳузурам, Девонааму ҳарифи розам. Сармастаму ҳушёрмаънӣ, Маҷнунсифату хираднавозам. Чун сурмаи безабон хамӯшам, Чун чашми бутон сухантирозам. Симои суҷуду ҷабҳаи аҷз, Яъне ки ҳақиқати ниёзам. Тақлиди ман аст рамзи таҳқиқ, Гул карда ҳақиқат аз маҷозам.