Зоҳиди савдозада
Зоҳид, ки ту савдозадаи ҳуру биҳиштӣ,
Бар нася шудӣ ғарра зи каф нақда биҳиштӣ.
Аз кулфати айём нашуд хира дили мо,
З-омезиши зангор накард ойина зиштӣ.
Омодаи подоши баду неки амал бош,
Хирман накунӣ ҷинси дигар з-ончи ту киштӣ.
Эй хоҷа, ба ёд ор аз он ҷой ки бошад
Фарши ту кафи хокею болини ту хиште.
Бечорагии нафс камингоҳи фиреб аст,
Ҳозир шав аз ин гурба ба ҳар лаҳза ба пиште.