Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То шунидам аз сабо афсонаҳои зулфи ёр,

То шунидам аз сабо афсонаҳои зулфи ёр, Сояи шамшодро дар боғ кардам ихтиёр. Нест андар дафтари ҳастӣ ҳисоби дигарам, Баски мебошад шаби ҳаҷраш ба ман рӯзи шумор. Орзу кардам, валекин бахти бад ёрам нашуд Сурмае аз гарди домонаш ба чашмам интизор. Дар пайи ҳар субҳи ишрат шоми кулфат тавъам аст, Нест андар боғи имкон як гуле бе неши хор. Карда дар тарфи чаман найранги саҳҳофи азал Аз раги гул риштаи шерозаи ҷузви баҳор. Аз таваккул бодбони киштии уммед кун, Баски пайдо нест дар мавҷи муҳити ғам канор. Кай дили садпораам аз мумиё гардад дуруст, Ёди чашмаш бишканад гар соғари ранги хумор?! Он қадар доғи таманнои хаёлаш гаштаам, Нест монанди дилам имрӯз боғи лолазор. То сафои орази ӯ арзи ҷавҳар мекунад, Дидаи ойинаро набвад ба ҷуз ҳайрат шиор. Мевае аз боғи васлаш кай расад осон ба каф, То нагардад донаи ашки ту чун ёқути нор. Бар лаби Кавсар зи ҷӯши сабза равшан мешавад Насхи таълиқи хати райҳонаш аз хатти ғубор. Ваҳ, чӣ хуш гуфта-ст, Туғрал, шоҳи авранги сухан: «Шуд сафед охир зи мӯям кӯчаҳои интизор!»