Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Он қадар дорад сафо ойинаи рухсори ёр,

Он қадар дорад сафо ойинаи рухсори ёр, Акс чун наззора аз лағзиш намегирад қарор. Ҷавҳари фарди даҳонаш ҷузви беаҷзо бувад, Аз ҷавори қисмати ӯ муддаӣ шуд шармсор. Бо яке ҳиҷрон ду рӯзи васл фоли тавъам аст, Дар раҳаш то дидаам шуд з-интизориҳо дучор. Сабзаи лаъли лабаш з-эъҷози ёқутӣ диҳад Насхи таълиқи бароти ошиқ аз хатти ғубор. Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан, Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор. Ихтиёри равзаи ҷаннат надорам аз дараш, Ошёни мурғи анқо кай бувад шохи чинор?! Туғрал, аз гуфтори рангини ту чун авроқи гул Месазад ҷузви туро шероза аз ранги баҳор.