Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Сунбул аз ошуфтагӣ зулфи кажат як печутоб,

Сунбул аз ошуфтагӣ зулфи кажат як печутоб, Мусҳафи рӯи туам тафсир дорад сад китоб. Юсуф аз шарми ҷамолат маҳви зиндон гаштааст, Эй ҷамоли оламорои ту равшан з-офтоб! Дар таманнои висолат дину дил бар бод шуд, Оқибат дастам ба домони ту дар явмулҳисоб! Ҷоми май бо ғайр менӯшӣ, ту, эй раъно, чаро З-оташи ҳасрат дилу ҷони маро созӣ кабоб! Обутоби оразу зулфат надорад бӯстон, Сунбулу гул ҳар ду аз зулфу рухат беобутоб! Нест аз ишқат насиби ман ба ҷуз доғи фироқ, Аз майи васли ту дар гетӣ нагаштам комёб! Туғрал, аз акси ҷамолаш маҳви ҳайрат гаштаам, То фиканд аз орази моҳи худ он дилбар ниқоб.